Собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон дар куштори ҳамсараш айбдор мешавад

Дар Қазоқистон мурофиаи додгоҳии вазири собиқи иқтисод Қуандик Бишимбоев идома дорад. Номбурда дар куштори ҳамсараш Салтанат Нукенова муттаҳам мешавад.

Дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи куштори Салтанат Нукенова, ки аз ҷониби вазири собиқи иқтисоди миллии Қазоқистон Қуандик Бишимбоев содир шудааст, яке аз вакилони дифои ӯ ба додрас Айжан Кулбоева эътироз кард.

 Пеш аз ин додрас ба айбдоркунанда иҷозат дод, баёноти шоҳидонро, ки ба додгоҳ даъват нашудаанд, қироат кунад.

«Муҳтарам суд, иҷозат диҳед, ки бо сабаби он, ки…»,- гуфт адвокат Эрлан Газимжанов. Аммо

судя дарҳол сухани ӯро бурид ва аз ҳайати ҳакамон хоҳиш кард, ки толори додгоҳро тарк кунанд. Пахши мустақим низ қатъ шуд.

Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли 2023 боздошти собиқ вазири иқтисоди миллии Қазақистон Қуандиқ Бишимбоев расонаӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, ки шоми 8 ноябр дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Остона миёни меҳмонон муноқиша рух дода, дар натиҷа як зан бар асари захмҳои бардошта ҷон додааст.

Маълум шуд, ки марҳум ҳамсари собиқ вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, зодаи шаҳри Павлодар Салтанат Нукенова будааст. Худи Бишимбоев ҳамон рӯз бо гумони куштор боздошт шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *