Душанбе: Муноқиша бо корд анҷомид
Бино ба маълумоти ВКД, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 24-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Номбурда, рӯзи 13-уми августи соли 2018, тахминан соати 00:10-дақиқа, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бо марди 37-солаи сокини шаҳри Исфара, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Далели шайъӣ 1-адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ