Роберт Кочарян озод шуд

Додгоҳи Арманистон раиси ҷумҳури пешин Роберт Кочарянро аз боздошт озод кард. Сиёсатмадор барои раҳоӣ аз зиндон ҳуқуқ ба масунияташро ба кор бурд. Дар ин бора бахши Армании Радиои Озодӣ рӯзи 13 август гузориш дод.

Кочарян охири моҳи июл бо иттиҳоми сарнагун кардани сохти конститутсионӣ боздошт шуд. Президенти пешини Арманистон иттиҳомро «дорои ангезаҳои сиёсӣ» унвон кард.

Правандаи зидди Роберт Кочарян дар заминаи саркӯби тазоҳуроти баъди интихоботи президентии соли 2008 боз шуд. Он замон тарафдорони номзадии мағлуб ЛевонТер-Петросян бознигарии натиҷаи интихоботро талаб карданд. Дар задухурд бо пулис 10 нафар кушта шуд. Кочарян дар кишвар вазъи фавқулодда эълон кард ва тазоҳурот хомуш шуд.

Яке аз ташкилкунандагони эътирозҳои соли 2008 нахуствазири феълии Арманистон Никол Пашиян буд. Ӯ соли 2010 ба ташкили бенизомӣ муттаҳам шуд ва 7 сол ҳукми зиндон гирифт. Пашиян соли 2011 дар заминаи қонуни афв аз зиндон баромад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *