Имрӯз ҳаво ғуборолуд мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11+16, рӯзона 29-34 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  7+12 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +17 +22 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+20 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *