Душанбе: Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор мешавад
Дар Душанбе таҳти унвони «Мade in Uzbekistan» намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон доир мегардад, ки дар он 64 корхонаҳои Ӯзбекистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.
Дилшод Мирсаидов, сардори яке шуъбаҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ додааст, ки дар ин намоишгоҳ молу маҳсулоти бахшҳои саноату сохтмон, нақлиёт, коммуникатсия, маводи мавриди ниёзи аввал, техникаи кишоварзии истеҳсоли Ӯзбекистон пешкаш мегардад.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ гӯшаи махсуси маҳсулоти ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон амал хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Мирсаидов қайд кард, ки санаи саҳеҳи баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди мувофиқасозӣ қарор дорад.
Қаблан аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар дода буданд, ки намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе рӯзҳои 7-9 март баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳарду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ