Коррупсия биёед “дасти ришвагир”- ро холӣ монем…

 

Инак, созмонҳои байналмилалӣ соли сипаришударо ҷамъбаст намуданд ва дар бораи “гуноҳу савоб”-и кишварҳои гуногун гузоришҳо ба нашр мерасонанд.

Transparency International (Шаффофияти байналмилалӣ) низ сатҳи фасодкориро дар 180 кишвари ҷаҳон таҳлил карда, барои онҳо ҷадвале сохт,  ки мувофиқи он кадом кишвар аз ҳама фасодзадатарин аст, муайян намуд. Мутаассифона, дар ин ҷадвал Тоҷикистон нисбати як сол пеш 10 зина поёнтар рафтааст ва кишвари моро дар байни 20 кишвари фасодзадатарини дунё дидан мумкин аст. Ҳоло Тоҷикистон дар ин ҷадвал ҷойи 161 ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки ин созмон аз рӯи ҷадвали садбала ба фаъолияти мубориза ба муқобили ришвагирию ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои ба фасод (коррупсия) вобаста баҳо медиҳад. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи аз ҳама поин – 167-умро  созмони Transparency Internationa  ба Туркманистон додааст. Дар раддабандии ин созмон Ӯзбекистон дар зинаи 157, Қирғизистон дар зинаи 135 ва Қазоқистон дар мақоми 122-юм ҷой гирифтаанд. Яъне, кишвари мо танҳо аз Туркманистон дида “бамаънитар” будааст. Чаро чунин аст? Магар Роҳбари давлат дар ҳар баромади худ аз мубориза ба муқобили коррупсия ҳарф намезанад? Магар ӯ дар ин маврид супоришҳои мушаххас намедиҳад? Баръакс, Президенти мамлакат яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлатро ба муқобили фасодкорӣ равона кардааст. “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”,- таъкид менамояд ӯ. Пас чӣ чиз монеа мегардад, ки шаффофияти фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ таъмин гардад? Дар ин маврид нуқтаи назарҳо гуногунанд. Яке мегӯяд, ки ин менталитети миллии мо аст, ки бояд ба ивази коре, ки иҷрои он вазифаи мост, “дасти диҳанда хушк намонад”, дигаре бар он ақида аст, ки норасоии рӯзгор мансабдоронро ба амали коррупсионӣ илқо мекунад, сеюмӣ мегӯяд, ки “ҷазоро ба муқобили коррупсионерҳо ҳамчун давлати Чин сахт кардан лозим” ва  ғайраҳо. Аммо касе дар бораи он ҳарф намезанад, ки танбалию  бо роҳи осон буд кардани кор асос барои коррупсия шуда метавонад. Чӣ тавр? Масалан, шумо мехоҳед як маълумотномаи одиро аз ягон сохтори давлатӣ гиред. Он ҷо меравед ва мансабдоре, ки ин кор аз ӯ вобаста аст, “ба дастатон менигарад”ва интизор аст, ки ба ӯ ба ивази ин чизе диҳед. Шумо низ  чун мехоҳед, ки  коратон зудтар буд шавад, дасти ӯро хушк намемонед. Кори ҳардуятон ба осонӣ иҷро шуд ва тарафҳо розианд. Тасаввур кунед, ки боре ба хотири шикастани ин қолаб шумо ба ин сохтор меравед ва талаб мекунед, ки дар асоси қонун ҳамин маълумотномаро бе пули иловагӣ диҳанд. Табиист, ки мансабдори одаткарда музди иловагӣ  мехоҳад. Аммо шумо истодагарӣ мекунед ва азбаски ришвахӯрон табиатан тарсончаканд,  аз таҳдиду омадурафтҳои беохиратон безор шуда, ниҳоят кореро, ки бояд бе ришва анҷом диҳад, иҷро мекунад. Ин аввалин ғалабаи шумо ба коррупсия аст ва минбаъд чунин идома диҳед ва худатон ҳам нагиред. Мешуда бошад? Албатта, мешавад. Аммо  дертар, вале мешавад… Дар баробари ин, роҳи Чин ва роҳи баланд бардоштани обруи вазифа ва  баланд кардани  музди меҳнати чиновник ҳам омилҳои таъсиррасонанд ва ӯ намехоҳад, ки ба умеди ришваи гузаранда шуда, аз кори баобрӯю музди калони доимии худ монад. Пас аз даҳ сол мебинед, ки Тоҷикистон дар раддабандии   Transparency Internationa дар қатори Зеландияи Нав, Дания, Финландия, Норвегия, Швейтсария, Сингапур ва Канада истодааст. Бовар намекунед, як кӯшиш карда бинед.Аммо бо маслиҳат ва ҳамакаса…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *