Душанбе: Озмуни “Беҳтарин тарбхона” ҷамъбаст гардид
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки тарабхонаи «Бухоро» ғолиби озмун дониста шуда, бо мукофоти пулӣ, ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Инчунин дар ҷамъбасти озмун намояндагони тарабхонаҳои «Форел», «Оилавӣ», «Шарбат» ва «Дидор» барои иштироки фаъолонаашон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар озмун Тоҷиддин Ҷалолов аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин менеҷер», Кристина Курочкина дар номинатсияи «Беҳтарин пешхизмат», Шавкат Ғаниев аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ошпаз» ва тарабхонаи «Форел» дар номинатсияи «Беҳтарин таоми махсуси тарабхона” ғолиб дониста шуданд. Ҳамаи онҳо бо ҷоизаҳои пулӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шаҳрдории Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи низомномаи озмун барои ғолиб омадан шартҳои тарзи хизматрасонӣ, хидматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизмат ва масъулини тарабхона ба мизоҷон, тарзи дурусти ороиши дастархон бо ғизо ва истифодаи санъати баланди ороишӣ, андешаҳои гуногуни ошпаз ва дигар нишондиҳандаҳо ба назар гирифта мешаванд.
Тарабхонаҳое, ки дар даври ноҳиявии озмуни «Беҳтарин тарабхонаи Душанбе» ғолиб омадаанд, ба сафари шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ