Душанбе соҳиби троллейбусҳои беноқил мешавад

Дар Душанбе шурӯъ аз моҳи марти соли равон троллейбусҳои беноқиле, ки аз кишвари Беларус харидорӣ шудаанд ба хизматрасонии мусофирон мебароянд, хабар додааст дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе.

Чихеле, ки маълум шудааст дар роҳҳои Душанбе дар аввал барои санҷиш ҳамагӣ 4 троллейбуси беноқил ба кор шурӯъ мекунанд.

Троллейбусҳои истеҳсоли заводи “Белкоммунаш”-и Беларус метавонанд ҳам бо ёрии ноқилҳои барқӣ ва ҳам бе ёрии онҳо ҳаракат кунанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳолати набудани қувваи барқ дар ноқилҳо ин навъи троллейбусҳо метавонанд то 15 километр бо ёрии асбоби захиракунандаи нерӯ ва ё аккумулятор  ҳаракат кунанд.

Арзиши як троллейбус 250 ҳазор долларро ташкил мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *