Талаби 20-соли зиндон ба қотилони Денис Тен

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Алмато хост, Ормон Қудойбердиев ва Нуралӣ Киясов, гумонбарон дар куштори варзишкори маъруфи қазоқ Денис Тенро 20-солӣ аз озодӣ маҳрум кунад.

Барои гумонбари севум Жанар Толибоева, ки дар хабар надодан ба мақомот айбдор аст, чаҳор соли зиндон талаб шуд.

Гумонбарон дар мурофиаи ахир айби дуздиро ба гардан гирифтанд, вале гуфтанд, ки кушторро пешакӣ маслиҳат накарда буданд. Онҳо аз додгоҳ хостанд, ки банди «Куштор бо маслиҳати пешакӣ»-ро бекор кунад. Ба гуфтаи додситон Кунадик Досов, «айби гумонбарон дар рафти мурофиаҳо пурра исбот карда шуд».

Баррасии парванда 3 январ дар Додгоҳи шаҳри Алмато оғоз шуда буд.

Варзишкори маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли ҷорӣ дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро дузданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *