Месси бо 400 гол дар Испания рекорд гузошт

“Барселона” дар доираи бозии даври 19-уми чемпионати Испания бар муқобили “Эйбар” рақобат карда, бо ҳисоби 3-0 ғалаба намуд.
Воқеан, дар ин бозӣ Лионелл Месси бо тӯби ба «Эйбар» задааш шумораи голҳояшро ба 400 адад расонд ва дар чемпионати Испания рекорд гузошт.
Тибқи иттилои «Барса» Месси 400 тӯбро дар 435 бозии Ла Лига вориди дарвозаҳои ҳарифон кардааст.
Криштиану Роналду –ҳамлагари «Ювентус» бо 311 гол дар 295 бозии «Реал» дуввумин ба шумор меравад.
Телмо Сарра, ки солҳои 1940-1950 дар «Атлетик» бозидааст, барои ин бошгоҳи футбол 251 гол дар 277 вохӯрӣ задаст, севвумин мебошад.
Месси дар 17 бозии мавсими имсола 17 гол зада, 10 партофти головар намудаст. Ӯ дар 5 даври охирин муаллифи 8 гол ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *