Манбаи иттилоъи Путин дигар аст

Котиби матбуоти раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков шарҳ дод, ки чаро Владимир Путин смартфон истифода намекунад, хабар додааст рӯзномаи “АиФ”.

“Сабаби истифода накардани смартфон аз ҷониби Путин дар он аст, ки барои истифодаи он шахс бояд ба ҳама шафофиятҳо розӣ бошад”, — қайд кард Песков.

Вай илова кард, ки Путин иттилоотро аз рӯзномаву маҷалла ва интернет мехонад. Ғайр аз ин ӯро бо иттилооти таҳлилӣ гуногун, дафтари матбуотии президенти кишвар таъмин мекунад.

Инчунин барои роҳбари кишвар хабарҳои интихобии телевизионӣ ва теле-дайҷестҳо, ки вай дар вақтҳои бекорияш тамошо мекунад, ҷамъоварӣ карда мешаванд.

“Гоҳо ӯ баъзе хабарҳоро аз дигарон мешунавад ва хоҳиш мекунад, ки онро ба ӯ тайёр кунанд. Сарчашмаи иттилоот барои раисҷумҳур бисёр калон аст: вазоратҳо, муассисаҳою агентиҳои махсус ва ғайраҳо”, — илова кард Песков.

Дар ин ҳол Песков шарҳ дод, ки Путин кӯшиши истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро (ба монанди Twitter ва ғайр.)  барои суҳбат бо интихобкунандагон ва наздики бо мардумро надорад, чунки барои ӯ чунин миёнрав лозим нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *