Душанбе: тренинг дар мавзуи хушунати гендерӣ бо иштироки Манижа

Дар доираи “Маъракаи 16-рӯзаи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ”, ки аз 1 то 3-юми декабр баргузор мешавад, тренинг барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба гуруҳҳои осебпазири занону духтарон дар ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мусоидат мекунад, оғоз мегардад.

Меҳмони ин чорабинӣ сароянда, арбоби ҷамъиятӣ ва ҳаммуассиси Бунёди SILSILA оид ба дастгирӣ ва ҳимояи афроди дар шароити душвори зиндагӣ қарордошта хоҳад буд, ки ба масъалаҳои кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ, гурезагон ва муҳоҷирон сарукор дорад.

Зӯроварӣ алайҳи занон ва духтарон, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст ва вазъ пас аз пандемияи COVID-19 бадтар гардидааст.

25-уми ноябр, дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат нисбати занон, таҳти сарпарастии СММ “Маъракаи 16-рӯзаи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ” оғоз ёфт, ки то 10-уми декабр — Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон идома хоҳад кард. Дар Тоҷикистон, тибқи тадқиқоти демографӣ ва солимии соли 2017-ум 31 дарсади занони шавҳардор бо ин ё он навъи хушунати гендерӣ дучор шудаанд.

Тоҷикистон яке аз ду кишвари минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳуқуқи маблағгузорӣ ва дастгирии коршиносони Ташаббуси «Луч света»-ро барои оғози як барномаи фарогир оид ба хотима додан ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ тавассути ҳамкориҳои самараноки собитшуда бо ИА ва СММ дорад. Ташаббуси “Луч света” як шарики глобалӣ ва бисёрсола байни ИА ва СММ барои хотима бахшидан ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон аст, ки ҳадафи он коҳиш додани тамоюлҳои манфии хушунат алайҳи занон ва духтарон бо сармоягузориҳо ва роҳҳои ҳалли қавӣ мебошад.

Ташаббуси “Луч света” ва “Маъракаи 16-рӯзаи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ” бо талоши муштарак дар сатҳи миллӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, пешбурди муколама, таъмини уҳдадориҳо ва таъкиди пешрафти муштарак дар коҳиши хушунат бар асоси гендерӣ роҳандозӣ мегарданд.

Ташаббуси “Луч света” барои ноил шудан ба таҳаммулпазирии сифрӣ нисбат ба зӯроварии гендерӣ асос ёфтааст. Ин як кӯшиши дастаҷамъонаест, ки дар он ҳукуматҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ, шарикони байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя кор мекунанд, то тавонанд барои беҳтар дарк намудан ва мубориза бо хушунат нисбати занон ва духтарон даст ёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *