Томас Мюллер тарки тими миллӣ кард

Футболбози «Бавария» Томас Мюллер пас аз рафтани тими миллии Олмон аз Ҷоми ҷаҳонии Қатар хабар дод, ки аз тими миллии кишвар канор меравад.

Рӯзи панҷшанбе мунтахаби Олмон, ки дар гуруҳи «Е» бозӣ мекунад, дар бозии даври севуми сабқати гуруҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол бар тими Коста-Рика пирӯз шуд (4:2). Мунтахаби Олмон дар се бозӣ 4 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали гуруҳӣ дар ҷойи севум қарор гирифт. Олмон натавонист ба марҳилаи плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии дувум пай дар пай роҳ ёбад.

«Агар ин бозии охирини ман бошад, пас ман аз он хеле лаззат бурдам. Ман онро бо муҳаббат анҷом додам. Мо лаҳзаҳои аҷиберо бо ҳам аз сар гузаронидем. Дар ҳар бозӣ ман кӯшиш мекардам, ки як бахше аз худамро дар майдон гузорам»,- гуфтааст Мюллери 33-сола дар мусоҳиба баъд аз бозй.

Мюллер аз соли 2010 дар тими миллии Олмон бозӣ мекунад. То ин муддат дар 121 бозӣ иштирок карда, 44 гол задааст. Якҷоя бо тими миллӣ, Мюллер дар соли 2014 қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар чемпионати ҷаҳон дар соли 2010 медалҳои биринҷӣ ба даст овард ва инчунин ду маротиба дар чемпионати Аврупо (2012, 2016) медали биринҷӣ гирифт. Мюллер дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 10 гол задааст.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *