Душанбе ва Маскат роҳҳои рушди иқтисод ва савдоро матраҳ намуданд
Тоҷикистон салтанати Уммонро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар даъват кард.
Ин мавзуъ дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо сафири тозатаъйини Уммон Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузориш додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Ҳазамон, дар идомаи мулоқот вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Абдураҳмонзода пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби сармоягузорони уммонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти ҶДММ «ТК Ойл» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва таъмини нафти хом бо шартҳои имтиёзнок барои коркарди минбаъдаи он мусоидат сурат гирад.
Гуфта мешавад, ки ин пешниҳоди аз ҷониби сафир хуш пазируфта шудааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ