Маҳмадбоқирро аз дасти росташ парронданд?

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфуз дар ВМКБ, иддао дорад, ки рӯзи 4-уми март дар як тирпарронӣ дар Хоруғ аз дасташ захмӣ шудааст.

Сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахашон Шариф Назарзода мегӯяд, ки аз ҳодиса хабар надоранд. «Ба мо дар ин бора ягон муроҷиат нашудааст»,- мегӯяд ӯ.

Маҳмадбоқиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳангоми ҳаракат ба маркази Хоруғ дар яке аз дидбонгоҳҳо ба сӯяш ҳамла сурат гирифт. «Писарам низ дар мошин буд. Тир ба дасти ростам бархӯрд. Устухон зарар надидааст. Як духтури шинос ҷароҳатро баст»,- гуфтааст ӯ.

Вай афзудааст, ки мардум дар назди хонааш ҷамъ омада буданд, вале хостааст барои ин даст ба ҳеч коре назананд, худаш ҳал мекунад. Маҳмадбоқиров даъватҳои тазоҳуротро қатъиян рад кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, афсари пешини неруҳои марзбонии Тоҷикистонро ба худсарӣ ва ҷиноятҳои гуногун гумонбар медонанд, аммо бахши васеъ аз мардуми минтақа ба ӯ эҳтиром доранд.

Додситонии вилояти Бадахшон бо гумони латукӯби мудири маорифи ВМКБ ба зидди Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда кушодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *