Дузди баинсоф
Аз рӯи гуфти ёвари инспектори калон Камеш Катар қурбони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст, ки дар Чхаттисгарх кор мекунад.
Аз рӯи маълумоти политсия, дузд мактубе гузошта дар он кӯшиш кардааст, ки сабаби ин амали дуздиашро чунин шарҳ диҳад: “Дусти азиз бубахшо, ин ҳадди охирон имконияти ман буд ва маҷбур шудам. Агар ин амалро анҷом намедодам дӯстам мемурд. Ғамгин машав, ҳамон рӯзе, ки дар дастам пул шуд ман ҳатман пулҳоятро бармегардонам».
Шахси номаълуми ба хонадаромадаро зани полис ҳангоме, ки бо кӯдаконаш аз аёдати хешовандаш бармегашт дидааст. Қуфли дарҳо кушода буд ва чизу чора ба чор тарафи хона партофта шуда буд.
Аз рӯи маълумоти пешакӣ маълум гардид, ки дузд чанд ҷавоҳироти нуҷрагин ва ороишоти тиллоиро дуздидааст.
P.S: Эй, иллоҳо барака ёбӣ дузд, хонаро холӣ кардаву боз изҳори пушаймонӣ карда ваъда додааст, ки ҳатман пулҳоятро бармегардонам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ