Табибон натавонистанд ҳамкасбашонро аз марг наҷот диҳанд
Номзади илмҳои тиб, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон ва устоди кафедраи микробиологияи Донишгоҳи тиббии ба номи Аӯалӣ Ибни Сино, Саидов Хуршед Мирзокаримович, дар шуъбаи реаниматсияи корпуси панҷуми беморхонаи Қараболо аз олам чашм пӯшид.
Хуршед Саидов яке аз беҳтарин табибони бемориҳои сироятӣ дониста мешуд. Ӯ дар мубориза бо корупсия соли гузашта яке аз нафароне буд, ки шабу рӯзашро дар паҳлғи беморон ба саҳар мебурд, имсол низ ӯ дар қатори беҳтаринҳо аз аввали ҷабҳаи мубориза бо мавҷи нави коронавирус қарор дошт. Рӯзи 6 июл вазъи саломатии ӯ якбора бад шуд ва Хуршед Саидовро ба шуъбаи реаниматсия интиқол доданд, вале табибон натавонистанд ин ҳамкасби худро аз чанголи марг наҷот диҳанд.
Хуршед Саидов, дар чанд рӯзи аввали моҳи июл чорумин табиб аст, ки дар Душанбе аз олам чашм мепӯшанд.
Худованд, ҷояшро ҷаннатулмаъво гардонида, ба аҳли хонадон ва ёру дӯстонаш сабри ҷамил ато фармояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ