Дуздии 7, 5 ҳазор доллар аз тарафи духтари 18 сола
Як ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздии маблағ боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, боздошти ӯ дар пайи шикояти як сокини 32-солаи шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Ин мард дар аризаи шикоятии худ навишта, 31 июли соли 2017, шахси номаълум пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 5 ҳазору 600 доллари амрикоӣ ва 16 ҳазору 700 сомонӣ (ҳудуди 1900 доллар)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. “Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини кӯчаи Ҳисори пойтахтро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд”,-хабар медиҳад ВКД.
Ҳоло нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ