Пирӯзии Мубориз Мунавваров дар Фестивали бозиҳои варзишӣ

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар шаҳри Уляновскии Федератсияи Россия аз 11 то 17 августи соли равон нахустин Фестивали бозиҳои варзишии миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид. Шарафи кишвари моро дар он корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мубориз Мунавваров бо сари баланд ҳифз кард.

Дар фестивали мазкур варзишгарони 11 давлати узви ИДМ иштирок намуда, 7 рӯз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мубориз Мунавваров аз намуди гуштии самбо дар рақобат бо ҳарифони худ дар вазни 74 килограмм дастболо ва сазовори ҷои ҷойи аввал гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *