Дуздии “Айфон” аз ошхона
Ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аризаи ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 28-уми ноябри соли 2023, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ошхонаи «Сомониён» ворид шуда, аз дохили хазина 2500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-Х»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Aз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ