Дуздии маҳсулоти хӯрока аз мағоза
Ду ҷавони 19 солаи шаҳри Норак бо гумони дуздии маҳсулоти хӯрока аз тарафи vақомот дасгир карда шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Тавре манбаъ иттилои медиҳад, рӯзи 28-уми апрел ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза ҷавони 25-солаи сокини кӯчаи Р.Шодиеви шаҳри мазкур муроҷиат намуда, аз ғорат шудани мағозааш шикоят кардааст. Ба гуфти ҷабрдида, шаби 27 ба 28-уми апрели соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 789-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 19-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ