Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зани пеш судшуда: “Самсунг” ва 3800 сомониро дуздидааст

Зан 55-сола аз ҷувдони зане 3 ҳазору 800 сомонӣ ва 1-адад телефони “Самсунг”-ро дуздидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 54-солаи сокини деҳаи Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар бозори “Корвон” шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш 3 ҳазору 800 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 55-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд”, — омадааст дар иттилоия.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.