Дуздони ниқобпӯш

ЧунонеВКД менависад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 52-солаи сокини деҳаи Гулбуттаи ҳамин муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми майи соли 2017, шахсони номаълуми ниқобпӯш ошкоро вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 135000-сомонӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва 2800-доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар марди 23-сола, 1 нафар марди 29-солаи сокинони ноҳияи Восеъ ва 1 нафар марди 28-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *