Нигинаи саҳна

Ба муносибати 70 -солагии  Савринисо Сабзаалиева 

27 январи соли 2018 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Савринисо Сабзаалиева 70 — сола мешавад. Ин бонуи ҳунар дар саҳнаи театр ва кино даҳҳо нақши мондагор офарида, ба ин васила ба қалби ҳазорон мухлис роҳ ёфта, дар рушди санъати касбии кишвар саҳми калон гузоштааст…

27 июни соли 2010 барои ширкат дар таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Хоруғ сафар кардем. Роҳбалади мо зимни шиносоии омадагон ба шахсиятҳои маъруфи Хоруғ зани нӯрониеро ба мо муаррифӣ кард: “Муаллимаи номии Бадахшон — Моҳбегим Аноятшоева. Модари се нафар ахтарони тобони санъати театрии кишвар, се нафар ҳунармандони халқии Тоҷикистон Оят, Саврӣ ва Соро Сабзаалиеваҳо мебошанд.” Зимни суҳбат васфи муаллимаро шунида, гуфтам, ки ман  Аноятшоеваро мешиносам,  расми ин кас дар хонаи мо ҳаст, зеро муаллима ҳамроҳи падари банда – муаллими собиқадор Абдуғаффор Ҳасанов дар Анҷумани  IV омӯзгорони РСС Тоҷикистон, моҳи августи соли 1960 ширкат варзида, акси якҷоя гирифтаанд. Муаллима Аноятшоева аз ин хабари ман хушҳол шуданд ва боз илова кардам, ки духтарони номвари эшонро медонам ва аз ҳунари волояшон огоҳам.

Инак, яке аз фарзандони номвари эшон Савринисо Сабзаалиева ба синни мубораки 70 расид ва банда ҳамчун як мухлиси санъати  волояш хостам андешаҳоямро ба шакли як меҳрнома ироа намоям.

Омили аввалини ба ҷодаи санъат рафтани Савринисо завқи баланди эстетикии модараш буд. Сониян, табиати зебову афсонавии  Бадахшони биҳиштосо ҳам бетаъсир буда наметавонист.

Қаду қомати зебо ва ҳусну маҳорати баландаш буд, ки ҳанӯз дар давраи таҳсил дар донишкада, санъаткори варзида Аслӣ Бурҳонов ӯро барои иҷрои нақши душвор ва марказӣ дар спектакли  “Рӯдакӣ” – Нигина даъват кард. Албатта, барои духтари ҷавон, ки ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надошт, офаридани чунин нақш осон набуд. Худи Саврӣ Сабзаалиева мегӯяд:

“Иҷро кардани нақши  Нигина барои мани  бетаҷриба ва ноогоҳ хеле гарон буд. Дар назди он бузургон аз ҳаяҷону шарм, ҳаракату суханрониям номураттаб ва ғалат мебаромаданд. Нақши Рӯдакиро Маҳмудҷон Воҳидов мебозид ва дар намоиш устодоне чун Тӯҳфа Фозилова, Хайрӣ Назарова нақш иҷро мекарданд. Устод Бурҳонов бошад, барои дар саҳна худро озод ҳис намуданам маро роҳнамоӣ мекарданд.”

То омадани Саврӣ Сабзаалиева ба театр беҳтарин иҷрокунандаи нақшҳои лирикӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова нақши Нигинаро бозӣ мекард. Аммо аллакай синну соли ин актриса барои иҷрои нақш мувофиқ намеомад. Бинобар ин, Савринисоро ибтидо барои иҷрои нақши Нигина бо Хайрӣ Назарова дублёр намуданд. Хайрӣ Назарова ҳам кумаки худро барои барҷаста иҷро намудани нақш Нигина дареғ намедоштанд. Худи  Аслӣ Бурҳонов ҳам пас аз анҷоми намоиш бо хушнудӣ ва қаноатмандӣ гуфт: “Дар интихоби ту хато накардаам, духтарам!”

“Бароям мояи ифтихор буд, соли 1973 дар сафари ҳунарие, ки Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар Маскав дошт, банда низ се маротиба нақши Нигинаро иҷро кардам. Дар саҳнаи Театри Маскав як шаб Хайрӣ-апа ва як шаб ман нақши  Нигинаро аҷаб бозидем. Воқеан, ёди он рӯзҳо, он устодон кайфияти пурҳаловат дорад”- ба ёд меорад  Савринисо.

Ҳамин тавр, Савринисо дар театри тоҷик ба тезӣ писанди мухлисон ва устодон шуд.

Ин буд, ки беҳтарин коргардонҳои театр Хушназар Майбалиев,  Маҳмудҷон  Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Фаррух Қосимов дар намоишномаи “Ишқи ман Электра”, “Медия” “Алломаи Адҳам ва дигарон”, “Ҳамлет” ба Саврӣ Сабзалиева нақшҳои ҷаззоб медоданду ӯ моҳирона иҷро мекард.

Саврӣ Сабзаалиева дар даҳҳо филми бадеии истеҳсоли Киностудияи “Тоҷикфилм” нақшҳои хотирмон бозидааст. Вай дар  кино худро шогирди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, коргардони маъруфи синамо Тоҳир Собиров  меҳисобад. Маҳорати нақшофарии Савринисо дар кино туфайли заҳмати зиёди устодони ҳунарманд сайқал ёфтааст. Нақши зан — модари тоҷик, зани муборизу инқилобгар, зан-роҳбар, зан-коргар, заҳматкаши саҳро дар филмҳое, ки Савринисо офаридааст, хеле табиӣ баромада, дар хотири  тамошобинон нақш бастааст. Нақшҳои офаридаи вай дар  филмҳои  “Панҷ тан дар пайраҳа”,  “Ман сарҳад”, “Ҳаҷбудагон”, “Зане аз диёри дур”, “Тулӯи Ганг”, “Васияти нуҳ пайғамбар” ва ғайра аз ҷумла филмҳоеанд, ки дар  онҳо  ҳунарпеша нақшҳои ҷолиб бозидааст.

Тайи фаъолияти бисёрсолааш  дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ бо заҳмату талошу кӯшиш дар роҳи ҳунар ва бо фурӯтании хеш сазовори эҳтирому эътибор гардидааст.

Мавриди ёдоварист, ки  ягона фарзанди Саврӣ Сабзаалиева Самад Мансуров ба пайроҳаи модар рафт ва ҷодаи санъатро пеш гирифт. Ӯ имрӯз яке аз ҳунарпешаҳои пештози Россия аст ва дар филмҳои  киноматеграфистони Маскав “Московская сага”, “Дронго”, “Частный детектив”, “Кармелита– Циганская старасть” ва даҳҳои дигар нақшҳои ҷолиб офаридааст.

Гарчанде ки санъаткори машҳур Саврӣ  Сабзалиева дар нафақа бошад ҳам, аз театр дур нест. Дар спектаклҳо нақш мебозад ва ба ҷавонони театр машваратҳои муфид медиҳад.

Дар  рӯзи 70-солагии милод ба ин бонуи ҳунарпеша хушиҳои олам, сарбандӣ ва оромишу осудагиро таманно мекунам.

Усмонҷон Ғаффоров,

профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *