Эҳсони Хушбахт сармуҳаррири “Омӯзгор” таъйин шуд

Як манбаъ аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ дод, ки дар пайи як тағйирот Сафарзода Эҳсони Хушбахт сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

“Муаррифии Эҳсони Хушбахт дар вазифаи ҷадид баъд аз зуҳри имрӯз бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода баргузор шуд”,- хабар дод манбаъ.

Эҳсон Сафарзода аз моҳи январи соли равон сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” буд. Ӯро дар ин вазифа Қурбонзода Дилафрӯз, ки аз моҳи январ то ин вақт дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” фаъолият дошт, иваз кард.

Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, ду рӯз қабл дар муассисаҳои тобеи дигари вазорат — Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Матбааи вазорат, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта будааст.

Ёдовар мешавем, ки Эҳсони Хушбахт солиёни зиёд сухангӯйи Вазорати маориф ва илми кишвар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *