Аз таҳти дил бихандед!
Исқоти ҳамл
Марде ҳангоми суҳбат ба зан мегӯяд:
– Баъзан занҳо рафтори беҳад беақлона мекунанд, чунки зотан камақл ҳастанд.
Зан дар ҷавоб:
– Бо ту розиям, масалан, модари ту метавонист исқоти ҳамл намояд, вале беақлӣ карду ту таваллуд шудӣ.
Қасос
Зану шавҳари бо ҳам қаҳрӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ ворид мешаванд. Зан пулро дароз мекунад. Пулчинак мепурсад:
– Чанд кас, апа?
Зан дар ҷавоб:
– Як касу як нокас!
Меҳрубонӣ
Марде ба дӯсташ шиква мекунад:
– Бе зан наметавонам, мефаҳмӣ!? Меҳрубониву ғамхорӣ мехоҳам…
Дӯсташ мегӯяд:
– Зан ёб, охир!
Мард дар ҷавоб:
– Занамро куҷо мекунам?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ