Эҳтимоли тағйири нақша дар Домодедово бо сабаби бориши барф
Замони парвоз дар хатсайрҳои фурудгоҳи Домодедово мумкин аст бо сабаби бориши сахти барф тағйир ёбад. Оид ба тағйирот дар рӯйхат оҷонсии “Москва” иттилоъ додааст.
Дар хабарнома гуфта мешавад, ки “хадамоти фурудгоҳ дар низоми пуршиддат фаъолият дорад. Бо сабаби барфрезӣ барои тозакории иловагии хатҳои фуруду парвоз ва муқобили яхбандтӣ мутобиқ сохтани тайёраҳо вақт лозим аст. Бинобар ин, имкон дорад, ки дар рӯйхат тағйирот ворид гардад”.
Дар хадамоти матбуот ба мусофирон шарҳ додаанд, ки қаблан замони парвозро бо кумаки овезаи электронӣ ё тариқи занг задан ба ширкати ҳавопаймоӣ дақиқ намоянд. Ба ғайр аз ин, дар Домодедово маслиҳат додаанд, ки барои расидан ба фурудгоҳ муҳлати иловагӣ ба назар гирифта шавад.
Бояд гуфт, ки қаблан низ бо сабаби шароити боду ҳаво дар фурудгоҳҳои пойтахт даҳҳо парвозҳо манъ гардида ва ё ба таъхир гузошта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ