Ваксина нагирифтӣ? Ба Ҳаҷ намеравӣ. Вассалом!

Зоирине, ки ба Ҳаҷ мераванд, бояд аз карантин гузашта, замимаи махсусро дар телефонашон сабт кунанд.

Тибқи иттилои РИА Новости зоирине, ки ба Арабистони Саудӣ барои зиёрати хонаи Худо ба Макка мераванд, бояд аз карантин гузаранд.

Ба гуфтаи муовини раиси Идораи динии мусалмонони Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов, ба мусулмонон зарур аст, ки дар меҳмонхонаҳо низоми худҷудоиро риоя кунанд.

“Пас аз расидан, зиёраткунанда бояд дар меҳмонхона се рӯз аз карантин гузарад, аз ин рӯ зарур аст, барои ин муддат ҳуҷра иҷора гирифт ва дар як рӯз се вақт хӯрок фармоиш дод. Пас аз 48 соат, рӯзи сеюм аз санҷиши коронавирус мегузаред ва агар манфӣ бошад, метавонед ба зиёрат равед”, — изҳор дошт Аббясов.

Илова бар ин, ба зоирин зарур аст, ки замимаи (приложение) махсусро зеркашӣ кунанд, то вақти дақиқи зиёрати хонаи Худо ва сабти ном ба Умраро интихоб кунанд.

«Барои маросим се соат вақт дода шудааст, шумо метавонед вақтро интихоб кунед. Агар ҳоҷиён аз ҳад зиёд барои як давраи муайян сабти ном шуда бошанд, интихоби вақти дигарро пешниҳод мекунанд», — шарҳ дод муфтӣ.

Вай ҳамчунин афзуд, ҳоло маросими зиёратро метавон давоми як рӯз бароҳат анҷом дод, зеро дар Макка шумораи зиёди одамон нестанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Арабистони Саудӣ аз 1 январи соли 2022 вуруд ба Макка ва Мадина барои онҳоеро, ки ду вояи ваксинаи Sputnik V-и русиро гирифтаанд, иҷозаи вуруд додаанд.

Ҳамзамон зоирин бояд аз ташхиси коронавирус ва аз карантини 48-соата гузаранд.

Аммо то ҳол аз Русия ба Арабистони Саудӣ парвози доимӣ вуҷуд надорад. Қаблан Аббясов ҳамчунин эълом карда буд, ки чартерҳо ва парвозҳо тавассути кишварҳои сеюм ташкил хоҳанд шуд. Дар мавриди нарх бошад, сафари маъмулии даҳрӯза аз 1,5 ҳазор доллар арзиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки маросими ҳаҷ – зиёрати маконҳои муқаддаси ислом дар Маккаи Арабистони Саудӣ танҳо дар моҳи Зулҳиҷҷа ё “моҳи зиёрат” анҷом дода мешавад. Соли 2022, тибқи тақвими қамарӣ, он моҳи июл доир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *