Эҳтиёт 500 сомонаи қалбакӣ

Бино ба иттилои ВКД дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони сохтакорӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда, 12-уми майи соли 2017, дар таҳхонаи бинои истиқоматиашон тавассути компютер ва дастгоҳи нусхабардорӣ 6-адад купюраи 500 сомонаро дар варақаҳои сафеди оддӣ омода намуда, ғайриқонунӣ дар маркази букмерӣ, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт истифода бурдааст.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *