Боздошти се соҳибкор баъди заҳролудшавии оммавӣ аз яхмос

Дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Ӯзбекистон баъди заҳролудшавии дастаҷамъӣ се соҳибкор, ки яхмос истеҳсол мекарданд, боздошт шуданд. Мақомоти маҳаллӣ маҷбур шуданд, то дари тамоми фурӯшгоҳҳои яхмосро банданд.
Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз яхмос дар ноҳияи Шаҳрихон беш аз 200 нафар дар беморхона бистарӣ шуда, манбаъҳо мегӯянд, ки ҷамъан ҳудуди 1,5 ҳазор одам аз яхмос заҳролуд гаштаанд.

Ба гуфтаи табибон, сокинони Шаҳрихон барои он дастаҷамъона аз яхмос заҳролуд шуданд, ки кормандони хадамоти санитарию эпидемиологӣ сехҳои яхмосбарориро сари вақт аз санҷиш нагузарониданд ва ҳамчунин табибони навбатдор низ рӯзи ҳодиса дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳузур надоштанд.

«Бар пояи санҷиши нақшавӣ, сехҳои яхмосбарорӣ дар ноҳияи Шаҳрихон ҳар сол як бор аз санҷиш гузаронида мешаванд. Ҳатто бадтарин истеҳсолкунандаи яхмос низ медонад, ки санҷиш кай сурат мегирад», — гуфт яке аз табибони Шаҳрихон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Мақомоти вилояти Андиҷон мегӯянд, ҳамаи заҳролудшудаҳо аз қаҳвахонаи «Макс» дар маркази Шаҳрихон яхмос истеъмол кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *