Эҳтиёт, рублҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон!

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо рублҳои қалбакӣ муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои ин ниҳод дастгиршудаҳо рублҳои қалбакиро аз хориҷ вориди Тоҷикистон карда, ҳангоми боздошт аз онҳо беш аз 90 ҳазор рубли қалбакӣ мусодира шудааст.

Манбаъ аз дастгиршудаҳо Бобоҷон Шоҳумаров ва Иброҳим Қосимов ном бурда, афзуд, ки онҳо то боздошт 15 ҳазор рублро ба муомилот баровардаанд: “Феълан нисбати гумонбарон бо моддаи 281-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.

Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки асъорӣ хориҷиро дар бонкҳо иваз ва ё харид кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *