Имрӯз борон меборад!

Имрӯз, 29 декабр дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон ва дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешгӯйӣ мешавад. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориши борон шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 1 то 6 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар баландиҳои 2000 ҳазор метр бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 17 то 22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 4 то 9 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 1000 метр боридани барф пешгӯйӣ гардидааст. Дар баъзе ҷойҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 1200 метр бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *