Эҳёи фарҳанги аздастрафта
“Бобоҷон Ғафуров шахсияти бузурги аср буд. Ӯ замоне сарварии институти ховаршиносиро ба дӯш гирифт, ки ба ибораи маъмули он давра «Шарқ бедор, аммо Институти шарқшиносӣ дар хоб буд». Ғафуров корҳои бузургеро анҷом дод, ки дар заминаи онҳо сиёсати кишвари мо (СССР), бо назардошти омилҳои Шарқ, шакл гирифт. Ӯ фавқулинсон буд”.
Р. Б. Рибаков, директори Институти шарқшиносии АИ Русия
(Давоми мақола)
Бисёре аз таърихнигорон ва ҳамсафони Бобоҷон Ғафуров бар он назаранд, ки баъди ин мулоқот ҷуръат ва ҷиддияти ӯ дар офаридани таърихи тоҷикон, мубориза алайҳи таҳрифгарони таърих, бадхоҳони миллати тоҷик ва зархаридони онҳо бештар мегардад. Ӯ барои дар Душанбе ҷамъ овардани аҳли илм, фарҳанг ва адаб аз ҷумлаи тоҷикони бурунмарзӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Садриддин Айнӣ таърихи зинда ва сарнавишти фоҷиабори мардуми тоҷик дар ибтидои асри ХХ буд. Берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мондани ӯ бар манфиати неруҳое буд, ки мехостанд ӯро ба доми худ кашанд. Фозилони солхӯрдаи мактаби куҳна намехостанд ҷойи гарми худро дигар кунанд. Онҳоро аз марказҳои тамаддуни тоҷикон, ки ниёконамон асрҳо бо нохун мадрасаю кушкҳояшро наққошӣ кардаанд, берун овардан кори осон набуд. Вале чӣ метавон кард, ки табари таърих боз як тешае ба решаи тоҷикон зада буд. Бояд тоҷикон бори дигар ба ҷаҳониён собит месохтанд, ки тоҷик созанда аст, таҷовуз ба мулки дигарон накардааст, аз навда ҳам дарахт мерӯёнад. Шаҳрҳои қадимӣ -Ҳисор, Кофарниҳон, Кӯлоб пойтахт қарор надода, маҳз деҳаи кӯчаки Душанбе маркази Тоҷикистон интихоб шуданаш ҳадаф дошт. Неруҳои бадхоҳ мехостанд тоҷикро аз марказҳои фарҳангиашон Самарқанду Бухоро канда, аз онҳо манқурт созанд. Дар чунин шароит ба хотири пойдории миллат манзили ободу осудаи худро тарк карда, Душанберо интихоб кардани тоҷикони Самарқанду Бухоро қаҳрамонӣ буд. Воқеан месазад, ки ҳар кадоми онҳоро имрӯз қаҳрамон ном бурд. Дар чунин вазъият ба Душанбе овардани Садриддин Айнӣ ногузир буд. Бобоҷон Ғафуров аз ду автомашинаи ЗИЛ-е, ки КМ дар ихтиёр дошт, якеро ба Самарқанд, барои хизмат ба Садриддин Айнӣ равон мекунад. Бояд ақлҳо, фарҳангҳо ба ҷойи Тоҷикистони аздастрафта Тоҷикистони дигар бунёд мекарданд. Ду манбае буд, ки метавонист пойтахти тоҷикон шаҳри Душанберо ба маркази илмию фарҳангӣ табдил диҳад: ҷалби донишмандони мактаби куҳна ва олимону аҳли фарҳанг аз хориҷи кишвар.
БОБОҶОН ҒАФУРОВ
дар ҷустуҷӯи Рӯдакӣ ва фориғтаҳсилони мактаби куҳна
Бобоҷон Ғафуров шаҳр ба шаҳр, деҳа ба деҳа мардони фозил, аҳли илму адаб, фориғтаҳсилони мактаби кӯҳнаро меҷуст. Агар огаҳ мешуд, ки дар деҳае олиме сукунат дорад, шахсан он ҷо сафар мекард ва бо ӯ суҳбат меорост. Ӯ хуб медонист, ки давлате, ки ба аҳли илм ва фарҳанг такя намекунад, фардояш норавшан аст. Шуҳрати мардуми тоҷикро дар эҳё ва рушди фарҳангаш мебинад.
Пайдо кардани қабри Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ яке аз хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ дар ин кор устод Садриддин Айнӣ ва Герасимовро ҷалб мекунад. Марҳилаи аввал аз маъхазҳои таърихӣ ҷамъ овардани санад ва аз сухани мардум пайдо кардани макони дафни Одам-уш-шуаро буд. Чун сухан аз музофоти Самарқанд будани зодгоҳи устод Рӯдакӣ мерафт, котиби якуми ПК шаҳри Панҷакент Шарофи Муҳаммадӣ низ ба ин кор ҷалб мешавад. Ӯ дар деҳаи Кулолӣ (дар маркази ҷамоати Рӯдакӣ ва Ворӯ қарор дорад) мардони фозили ҳар ду дараро ҷамъ меоварад. Яке аз фозилони диёр Мулло Ато буданд, ки чил сол дар Бухоро таҳсил дошта ва ҳамдарси устод Садриддин Айнӣ муаарифӣ мешуданд. Ӯ дастур медиҳад ҳар санаде, ҳар ривояте аз рӯзгори Рӯдакӣ дастрасашон аст, ҷамъ оваранд. Мулло Ато савол мекунад, ки Бобоҷон Ғафурову Садриддин Айнӣ кай ба дараи Киштут ташриф меоранд. «Ҳафтаи дигар» -мегӯяд Шарофи Муҳаммадӣ. Ҳафтаи дигар Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Герасимов ва чанд нафари дигар ба ин диёр меоянд. Ба истиқболи онҳо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Миёни онҳо Мулло Ато, ки дар даст китоби бузурги муқовааш сиёҳ доштанд, низ буд. Чун сухан аз макони зисти Одам-уш-шуаро рафт, ӯ аз ҷой боло шуда, пораеро аз он китоб қироат карданд, ки аз деҳаи Панҷрӯд будани Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро собит месохт. Устод Айнӣ аз ҷой боло шуданд, назди Мулло Ато омаданд ва китобро ба даст гирифтанд. Он пораро гаштаю баргашта, мутолиа карданд ва аз хурсандӣ китобро бӯсиданду Мулло Аторо ба оғӯш гирифтанд. Бобоҷон Ғафуров ҳам аз хурсандӣ Шарофи Муҳаммадиро ба канор гирифтанд. Герасимов бо чанд марди солхӯрдаи деҳа рӯй ба мазоре овард, ки сокинони диёр макони муқаддас меҳисобиданд ва зиёратгоҳи мардуми водӣ буд. «Мувофиқи маълумоти маъхазҳо бояд рӯи қабри Рӯдакӣ қабри тифле бошад»,- мегӯяд Герасимов. Аввалин зоғнӯлро ба қабр Бобомурод ном сокини деҳа мезанад. Баъд аз чанд лаҳза садои хурсандӣ танин меандозад. Устухони кӯдак берун меояд. Кори баъдӣ мисли заргарӣ нозуку ҳассос буд. Герасимов дохили қабр мешавад. Хокро нарм-нарм бо кафи даст аз устухонҳо ҷудо ва ба халтаи сафеде ҷой мекунад. Герасимов шаб дар хонаи Насриддини Зоҳид хоб мекунад. Ҳолдонон мегӯянд, ки ӯ аз халтаи устухон ба худ болин сохта буд.
Он шаб бошад ё шаби дигар Бобоҷон Ғафуров дар хонаи Қудрати Барака, дар деҳаи Зери Ҳисор, меҳмони мардуми диёр мешаванд. Дар ин бора борҳо падарам Ҳамдами Ниёз нақл карда буданд. Миёни мардуми фозили диёр, ки ҷамъ омада буданд, Мулло Ато низ буданд. Бобоҷон Ғафуров Мулло Аторо даъват мекунанд, ки ба Душанбе, Академияи илмҳо ба кор оянд. Падарам мегӯянд, ки Мулло Ато сарашонро хам карданд ва бо нармӣ гуфтанд: «Дар Душанбе салларо намепазиранд, ман тоқӣ пӯшида наметавонам».
АЙНӢ ДАР ДУШАНБЕ
ҳосили заҳматҳои Бобоҷон Ғафуров
«Дар Комитети Марказӣ кор мекардам, — нақл мекунад Охун Исмоилов. Боре Ғафуров маро даъват карданд ва гуфтанд, ки имрӯз домулло Айнӣ аз Самарқанд меоянд, шаб меҳмони хосаи ман мешаванд. Барои кӯчонида ба Душанбе овардани он кас мо бояд ҳар чӣ аз дастамон ояд, кунем. Ба раиси шаҳр фармуданд, ки рӯзи дигар шаҳр ва водии Варзобро ба Айнӣ тамошо диҳад. Ҳар маконе барояшон писанд омад, дар он ҷо барояшон хона созанд. Раис шаҳрро тамошо медоронад, чанд ҷои муносиб, хонаҳои хубро нишон медиҳад. Аммо Айнӣ рад мекунанд ва мегӯянд: «Ман гирифтани хонаи дигаронро ба худ раво намедонам. Агар ин корро кардам, фардо мардум мегӯянд, ки Айнӣ хонаи маро гирифт». Бегоҳии рӯзи дигар раиси шаҳр ба қабули Бобоҷон Ғафуров омад. Парешон буд. Садриддин Айнӣ ҷариеро барои хона сохтан интихоб кардаанд, ки мувофиқи гуфтаи раис, тахту ҳамвор кардани он се сол заҳмат мехоҳад. «Агар се сол лозим бошад, барои устод Айнӣ меарзад, ки се сол заҳмат кашед!», — мегӯяд Ғафуров ва мефармояд, ки боғи саҳни ҳавлӣ аз як гектар кам набошад. Ду мошини боркаш ва як экскаватор барои пур кардани ҷару ҳамвор кардани замин якуним сол кор карданд».
Эҳтиром, таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғаффуров боис шуд, ки Садриддин Айнӣ Самарқандро тарк кунанд ва Душанберо макони зиндагии доимӣ ихтиёр намоянд.
Дар мавриди эҳтироми Бобоҷон Ғаффуров нисбати Садриддин Айнӣ як нақли шоири машҳури қалмиқ Давид Кугултинов дар хотирам нақш бастааст. Соли 1983, донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Москва будам. Боре ба факултаи мо шоири мардумии қалмиқ Давид Қугултинов ташриф овард. Бо ташаббуси ҳамкурси мо Араша Батмайловичи қалмиқ дар хобгоҳи донишгоҳ маҳфили шеър баргузор гашт. Он дер тӯл кашид. Пас аз анҷоми вохӯрӣ, шояд аз он буд, ки ба Давид Кугултинов зиёд савол додам, ӯ маро барои давом додани суҳбат ба хонаи як дӯсташ даъват кард. Ҳини суҳбат сухан аз Бобоҷон Ғафуров рафт. «Ҳар миллатеро сарваре чун ӯ мебояд. Агар аҳли илму адаб чеҳраи миллат бошанд, Бобоҷон Ғафуров барои покии ин чеҳра мубориза мебурд»,— гуфт ӯ. Зимнан қиссаеро аз рӯзгори ин арбоби илм ва сиёсат нақл кард: устод Садриддин Айнӣ бемор мешаванд. Ба аёдати он кас котиби ҷавони Комитети Марказӣ меояд. Ба истиқболи ӯ ҳамсари устод берун меояд ва мегӯяд, ки Айнӣ имрӯз касеро қабул намекунанд. «Барояшон гӯед, ки ман котиби Комитети Марказӣ»,- мегӯяд вай. Ҳамсари устод дубора дохил мераванд ва баъди чанде бармегарданд. «Фарқ намекунад, қабул карда наметавонанд»,— ҷавоби устод Айниро мерасонад ба вай. Котиб сахт дар ғазаб мешавад ва аз он ҷо рост ба назди Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров меояд. «Кор ба ҷое расидааст, ки як нависанда котиби Комитети Марказиро қабул намекунад»,- арз мекунад мавсуф. Ғафуров мефармоянд, бо ин масъала рӯзи дигар наздашон дарояд. Рӯзи дигар, вақте ки қаҳри котиби ҷавон фурӯ менишинад, Бобоҷон Ғафуров ривояти ба истиқболи шоири бемансаб Абдураҳмони Ҷомӣ аз як фарсах роҳ пиёда ба истиқбол баромадани вазири дарбор Алишер Навоиро ҳикоят мекунанд. Оташи ғазаби котиб фурӯ менишинад ва бо сари хам аз дафтари кори ин марди хирад берун меояд. Баъдтар бароям маълум гашт, ки котиби ҷавон Пӯлодов буд.
Ҷаҳл ҷоҳилатро ба бор меорад, ҷоҳил дер намепояд. Таҳаммулу таҳлил хоси сарварони бохирад аст, ки рӯдро мемонанд. Агар чунин нест, онҳо ҷӯйборе хоҳанд буд, ки маҷрояшро ҳар кӣ, ҳар тараф хост, дигар мекунад. Аммо на ҳар неруе тавони табдили маҷрои рӯдҳои бузургро дорад.
Эҳтироми шахси аввали ҷумҳурӣ ба аҳли илму фарҳанг эътибори илму адабро дар ҷумҳурӣ боло бардошта буд.
(Давом дорад)
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ