Бо як зарба кушт…

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ин мард  рӯзи 2-юми декабри соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар тарабхонаи «Амал», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навкати ҳамин ноҳия, бо марди 30-солаи сокини деҳаи Нов, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо чӯбдаст ба рӯйи охирон 1 маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба замин афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *