Ҳама нархи маҳсулот гарон шуданд, нуқтаи охирин кадом?

Давоми 2 моҳи соли равон маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 3% қимат шуд. Дар ин бора  Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон ба “Азия плюс” хабар додааст.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (қанд) (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбҳо (0,7%) нисбатан бештар боло рафтанд.

Тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2% афзуданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 0,3% баробар буд.

Байни маҳсулоти ғайриозуқа давоми моҳҳои январ-феврали соли равон бештар бензин (16,4%), сӯзишвории дизелӣ (6,5%), гази моеъ (3,1%), масолеҳи сохтмон (1,7%), сарулибос (0,8%), пойафзол (0,7%), матоъ (0,5%), маҳсулоти дорусозӣ (0,4%) қимат шуданд.

Тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 0,2% боло рафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *