Сӯм яке аз беқуртарин асъор дар ҷаҳон


Сӯм, пули миллии Ӯзбекистон яке аз асъори беқурб дар дунё маҳсуб шуда ва 1 доллари амрикоӣ ба 8 ҳазору 882 сӯм баробар аст.

Сӯми Ӯзбекистон 1 июли ссоли 1994 ба муомилот баромада ва тӯли даҳсолаҳо қурби он аз ҷониби давлат ба таври сунъӣ нигоҳ дошта мешуд. Фарқ миёни қурбӣ расмӣ ва бозори “сиёҳ”хеле зиёд буд.

5 сентябри соли 2017 нархи расмию  бозор аз миён рафт. Танҳо дар соли ҷорӣ нархи сӯм нисбати 1 доллар ба миқдори 700 сӯм афзоиш ёфтааст.

Вале дар ростои беқурбшавии пули миллӣ Эрон дар зинаи аввал қарор дошта ва 1 доллари амрикотӣ дар бозори “сиёҳ” 112 ҳазор риёл ва қурби расӣ 42 ҳазор риёлро ташкил медиҳад.

Далели аслии беқурбшавии риёл  таҳримҳои иқтисодии Амрико ва Ғарб дар қиболи Эрон ва эҷоди маҳдудиятҳо барои фурӯши нафт, маҳсулоти аслии содиротии кишвар маҳсуб мешавад.

Ба феҳристи беқурбтарин асъор пулҳои миллии Ветнам, Индонезия, Сеара-Леон, Лаос ва Камбоҷа низ шомил шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *