Шералӣ Кабир: Тавлидотро 2,5 баробар ва бекориро кам мекунем
Ӯ дар парлумон гуфт, ки дар назар аст тавлидот то 2,5 баробар афзоиш ёбаду накӯаҳволии мардум беҳтар гардад.
Шералӣ Кабир, вазири тозатаъйини саноат ва технологияи нави Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон изҳор доштааст, ки саноатчиёни мамлакат “Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025”-ро таҳияву пешниҳод намуданд. Ин барнома бо қарори Ҳукумат тасдиқ шудааст.
“Дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми “Барномаи саноатикунонии босуръат” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, суръати афзоиш аз 113,6 дарсади соли 2019 то ба 253,3 дарсад дар соли 2025 мерасад”, — навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Шералӣ Кабир.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нав, амалишавии ин барнома барои иҷро гардидани сиёсати саноатии кишвар калидӣ мегардад, зеро ба гузариши босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ равона карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ