Муллоро доштанду “мадрасаашро” бастанд

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як мулло бо иттиҳоми ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ хабар дод.

Дар гузориши видеоӣ, ки шоми 9 декабр дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона дар гуруҳи ноҳияҳои атрофи шаҳри Ваҳдат Ашӯров Абдуалим, соли таваллудаш 1972, зодаи ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дастгир шудааст.

Дар гузориши ВКД гуфта мешавад: Ӯ худ саводу дониши мукаммали динӣ надошта, ба хотири пешбурди рӯзгори оилааш чанд ноболиғро дар муҳити носолими ҳуҷраи таълим ва вазъи ногувору бади санитарӣ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтааст.”

ВКД гуфт, мадрасаи ғайриқонунии Абдуалим Ашӯров тақрибан 6 моҳ боз фаъолият дошт ва ӯ аз ҳар кадоме аз 300 то 1000 сомонӣ ҳаққи тадрис мегирифтааст.”

Дар гузориш лаҳзае аз бозҷӯии Абдуалим Ашӯров низ нашр шудааст:

  • Ба ивази таълимоте, ки ба он ноболиғон медодед, волидайни онҳо ба шумо чӣ медоданд?
  • 300 -500 сомонӣ. Баъзеаш хӯрока меовард.
  • Ғайр аз 500 сомонӣ дигар намедоданд пул?
  • Агар ягонтоаш думоҳа ягон ҳазор сомонӣ дода бошанд, додаанд.
  • Дар ягон донишгоҳи исломӣ таълим гирифтаед?
  • Не, дар пеши домуллоҳои худамон хондагиам

ВКД дар гузоришаш ба таълими ғайриқонунии динӣ даст задани Абдуалим Ашӯровро “кирдори зиёновар” номида, мегӯяд, ки ин ба ояндаи кӯдаконе, ки дар чунин мактабҳо таҳсил мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад. ”Мадрасаи” мулло минбаъд амал нахоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *