Электромобил дар Душанбе. Камхарҷ, аммо гарон
Имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мошинҳоеро мебинем, ки бо қувваи барқ ҳаракат мекунанд. Ҳарчанд ҳоло теъдоди каманд, аммо масъулин талош доранд, ки бо назардошти талаботи мардум ва қимати сӯзишворӣ ин гуна мошинҳоро бештар кунанд. Барои бисёриҳо аҷиб аст, ки мошинҳои барқӣ чӣ гуна ҳаракат мекунанд? То куҷо хароҷоти кам доранду аз нигоҳи техникӣ бехатаранд?
Бо 10 сомонӣ аз Душанбе то Хуҷанд
Ҳамагӣ чанд моҳ шудааст, ки дар Душанбе мошинҳои электрикӣ истифода мешаванд. Бори аввал 10-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе 8 адад электромобили тамғаи Volkswagen Е- Lavada мавриди истифода қарор гирифт. Мутахассисон бар ин назаранд, ки мошинҳои тавассути қувваи барқ ҳаракаткунанда қулай ва хеле камхарҷ мебошанд. Асосан, ин намуди хизматрасониро ширкати «Як таксӣ» дар шаҳри Душанбе амалӣ намуда истодааст. Ҳоло ширкат 20 электромобили «BYD E2»-ро низ вориди Душанбе намудааст. Дар назар аст, ки то охири сол қариб 100 адад мошини дигар низ вориди пойтахт гарданд.
Руслан Сарбоззода, сардори шуъбаи маркетинги «Як таксӣ» ба ин бовар аст, ки хизматрасониҳои техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар муқоиса бо нақлиёти бо намуди дигари сӯзишворӣ фаъолияткунанда арзиши камтар талаб менамояд. Инчунин, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳр интиқолдиҳии бемамониат, сатҳи пасти садо ва сафари бароҳат муҳайё менамояд.
Ширкат нақша дорад, ки ояндаи наздик дар тамоми қаламрави мамлакат шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ ҷорӣ намояд. Дар ҳудуди корхона нуқтаи якуми барқдиҳӣ гузошта шудааст, ки он метавонад ду мошинро дар як вақт бо нерӯи барқ таъмин намояд.
«BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Автомобилро метавон дар хона низ бо нерӯи барқ таъмин намуд. Дар ин ҳолат барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт зарур аст, ки арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо қувваи барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар намуд»,- мегӯяд Руслан Сарбоззода.
Автомобилҳои батареашон аз 30 то 47 киловатт дар 40-45 дақиқа ва батареашон аз 40 то 87 киловатт дар 1,5 соат қувва гирифта, бо ин мошин метавон то 600-700 километр масофаро тай кард.
Батареяи зарфияташ 30-47 киловатт дар нуқтаҳои зудпуркунанда 20-30 сомонӣ ва батареяҳои зарфияташон бештар 40-45 сомонӣ арзиш доранд. Батареяҳои ин модел 1,2 млн км кафолат дошта, аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунанда ба онҳо аз 5 то 10 сол кафолат дода шудааст.
Мошини камхарҷ, аммо гарон
Аммо ба назари ронандагон, арзиши мошинҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда хеле гарон аст. Аз ин ҷиҳат, ҳоло ронандагон ба он камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Зимни як намоишгоҳ, ки чанде пеш дар “Кохи Борбад” намунаи мошинҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ба маърази мардум гузошта шуд, нархи он 22900 доллар будааст. Ҳамагӣ 3 сол кафолат дошта, бо дар ним соат ба маблағи 25-30 сомонӣ қувва гирифтан, мошин 300 километр ҳаракат хоҳад кард. Масъуле дар суҳбат гуфт, ки дар ин навъи мошинҳо аслан равған истифода намешавад. Намояндаи ширкат бо итминон мегӯяд, ки агар 300 км бо газ ё бензин ҳисобӣ карда шавад, аз 270 сомонӣ бештар мешавад.
Дар шароити гаронии нархи сӯзишворӣ ин наъви мошинҳо барои Тоҷикистон муфиданд. Чунки қувваи барқ ин ҷо нисбатан арзон аст.
Вале як чиз аҷиб аст. Дар ростои вуруди мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон, ронандагоне пайдо шуданд, ки табдили мошинҳои худро бо қувваи барқ таҷриба мекунанд. Масалан, Илҳом Дониёров аз шаҳри Турсунзода мошини “Тико”-ро бо қувваи барқ таҷриба кард.
Ӯ мошинашро ба электромобил табдил дода, харҷи мошинро дар 100 км аз 60 сомонӣ ба 4 сомонӣ расонид. Ӯ барои табдили нақлиёти хеш ба электромобил 25 ҳазор сомонӣ харҷ намудааст. Моҳи январи соли равон мошини тамғаи “Тико”-яшро, ки 10 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, аккумулятор насб намуда, ба электромобил табдил дод.
Насби аккумулятори барқӣ 1 моҳ тӯл кашидааст. Илҳом қисмҳои эҳтиётиеро, ки барои мошини бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда лозим буд, берун карда, аз вазни мошинаш ҳудуди 250 кг кам кардааст.
Илҳом қаблан устои таҷҳизоти маишӣ будааст: “То соли 2018 ман ба таъмири кондитсионер, яхдон ва ашёҳои дигари маишӣ машғул будам. Аз замони таъсиси хоҷагии деҳқонии “Муродҷон ота” ба боғдорӣ пардохтам”.
Илҳом дар мошинҳои боркаш низ аккумулятор насб карданист, то ин ки боркашониро дар хоҷагӣ камхарҷу осон намояд. Баъди ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳунари Дониёр бисёриҳо офарин ҳам хонданд.
Вале то куҷо мошинҳои барқӣ аз нигоҳи бехатарӣ таъминанд, назари дигар мехоҳад. Дар матлабҳои дигар пайгирӣ хоҳем кард.
Усмон РАҲИМЗОДА, “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ