614 тиллошӯй дар Ховалинг. Сафи тиллоҷӯён қариб ду баробар афзудааст

Дар давоми як соли охир 628 нафар барои коркарди тилло дар қадобаи Шугнов ба Раёсати молияи ноҳия ариза пешниҳод намуда буданд. 614 нафари онҳо соҳиби иҷозатнома шуда, айни замон дар ин ҷо машғули тиллошӯиянд.

Аз ҳисоби онҳо ба хазинаи давлат қариб 120 ҳазор сомонӣ барои иҷозатномагирӣ ворид гардид.

Тиллоҷӯён бозёфтҳояшонро дар ҷояш бо пули нақд иваз карда, ба рӯзгори хонаводаашон беҳбудӣ меоранд.

Сафи тиллоҷӯён дар ин мавзеъ қариб ду баробар афзуд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *