Электромобил. Камхарҷ, вале нархаш миёншикан

Дар соли 2021 ба мамлакат ҳамагӣ 47 адад электромобил ворид шуда, ин шумора дар соли 2022 ба 767 адад расид. То имрӯз ба Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 1600 нақлиёти барқӣ ворид карда шудааст, ки беш аз 800 адади он ба нимсолаи аввали соли равон рост меояд.

Баъд аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шуда, ба зиёд гардидани теъдоди ин намуди нақлиёт мусоидат кард.

Ронандагони электромобил дар пойтахт зимни як назарсанҷӣ аз ҷониби pressa.tj дар бораи бартарӣ ва камбудиҳои ин намуди нақлиёт сухан гуфтанд.

Фаррух ном ронандаи “Рахш такси” мегӯяд, ки “истифодаи ин намуди нақлиёт аз чанд ҷиҳат хубӣ дорад. Аввал, овози баланду бӯйи ғализи сӯзишворӣ надошта, камхарҷ аст. Ин нақлиёт тарҳу намуди зебо дошта, дохили он кушоду барҳаво аст ва курсиҳои мулоиму бароҳат дорад. Истифодаи он қулай буда, бо 50 сомонӣ батареяи онро пур карда, то 350-400 км роҳро тай карда мешавад”.

Ронандаи дигари ин ширкат аз гарон будани нархи электромобилҳо  нигаронӣ карда, мегӯяд, ки шояд бо зиёд гардидани он нарх дар кишвар тағйир ёбад.

Тайи се соли охир шаҳри Душанбе 104 адад троллейбуси бесим, якчанд автобуси барқӣ ва як троллейбуси барқии бидуни тамосро харидорӣ кард, ки муҳаррики онҳо пурра бо нерӯи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр бо нерӯи барқ ҳаракат менамоянд. Ин электробус ва электротроллейбусҳо дар хатсайри 1 ва 3-и шаҳри Душанбе ба таври пилотӣ озмоиш шуда буданд.

Истифодаи нақлиёти барқӣ на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии ҷумҳуриро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.

Вале инро на ҳамаи ронандагон қабул доранд. Онҳо мегӯянд, ки бояд тақрибан як сол мунтазам кор кунанд, то хароҷоти хариди нақлиётро пӯшонанд.

“Ман аз соати 7-и субҳ то 00:00-и шаб таксӣ мезанам. Ин кори осон нест, нишастан миёнро аз кор мемононад. Электромобилҳо бӯй надоранд, овоз надоранд, вале ман бояд як сол нахӯрдаву напӯшида, кор кунам, то маблағ ҷамъ карда, ин намуди нақлиётро харидорӣ намоям. Ҳоло ҳатто умед надорам, ки дар як сол метавонам. Инчунин, соатҳои зиёд нишастан паси чамбараки электромобилҳо ва азхудкунии энергия аз ҷониби узвҳои дохилӣ хатарноктар аст, зеро узвҳо, ба монанди гурда, дил, майна ва чашмҳоро заиф мегардонад. Асабоният, ғазаб, хастагиро зиёд мекунад ва боиси вайрон шудани диққат ва хотира мегардад”,- мегӯяд Сунатулло ном ронанда.

Нархи нақлиёти барқии мусофирбар дар бозори мошинҳои пойтахт аз 20 ҳазор доллар оғоз мешавад. Хариди он тавассути интернет 280 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.

Сабаби дигари рушд наёфтани бозори нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани нуқтаҳои барқгиранда ва нигоҳдории он мебошад.

То ба имрӯз дар шаҳри Душанбе 55 нуқтаи нерӯбахшӣ мавҷуд буда, корҳо барои тавсеаи инфрасохтори зарурӣ идома доранд. Дар саросари ҷумҳурӣ бошад, аз 169 нуқтаи нерӯдиҳандаи ба нақша гирифташуда 36-тоаш ба кор оғоз кардааст.

Бояд гуфт, ки барои рушди инфрасохтори бозор ва хадамоти нақлиёти барқӣ чораҳо андешида шуда истодааст.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *