Электромобилтаксӣ. Камхарҷ, аммо нархи хизматрасонӣ осмонӣ
Воридоти электромобил, яъне мошинҳои барқӣ ба Душанбе зиёд шуда истодааст. Танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 800 мошини барқӣ ворид гардид. Дар маҷмуъ, ҳоло дар кишвар 1600 мошини барқӣ мавриди истифода қарор дорад. Аммо мусофирон нигарон аз он ҳастанд, ки мошинҳое, ки бе сӯзишворӣ ҳаракат мекунанд, таъсир ба арзон шудани роҳкиро накарданд. Аз тарафи дигар, ронандагон мегӯянд, ки нархи чунин мошинҳо хеле гарон аст.
Вазири нақлиёт чӣ мегӯяд?
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе дар ростои воридоти электромобил гуфт, ки
«ин чизи нав аст. Хусусан безараргардонии аккумуляторҳо, ки аз метали литий сохта шудааст. Мо 1 миллиону 600 — 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар қисмати буҷет ворид кардагӣ ҳастем. Ҳам барои нуқтаҳои пур кардани барқ ва таъмир, лекин ҳозир дар мо то ин дараҷа устоҳое, ки аз уҳдаи таъмири аккумуляторҳо бароянд, надорем, барои ҳамин гап дар бораи безараргардонии онҳо меравад».
Мошинҳои барқӣ бо вуҷуди камхарҷ будан, нархи хизматрасонияшон мисли дигар таксиҳои ширакатҳои хизматрасон аст. Сокинон мехоҳанд арзиши хизматрасонӣ дар чунин таксиҳо арзон шавад. Аммо ронандагон таъкид мекунанд, ки тасмими тағйири нархнома дар дасти масъулони ширкатҳои таксиронист.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт, барои таъсиси инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати хидматрасонӣ ба мошинҳои барқӣ барномаи вижае таҳия шудааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома танҳо дар шаҳри Душанбе бунёди 169 нуқтаи таъмини барқ дар назар аст. Ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон 36 нуқтаи таъмини барқ барои электромобилҳо фаъол аст.
Тоҷикистон электромобил истеҳсол мекунад?
Ҳоло электромобил аз берун ворид мешавад. Аммо Тоҷикистон талош дорад, ки дар дохил электромобил истеҳсол шавад. Дар ин маврид Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи суръат бахшидан ба раванди тавлиди нақлиёти ҷамъиятии барқӣ (электромобилҳо)-и ватанӣ қарор қабул кардааст.
Тибқи ин санад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёт то охири соли ҷорӣ барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии барқӣ ва ба кор андохтани зерсохтори нақлиёти барқӣ бояд чораҳои заруриро андешанд. Ҳоло дар Тоҷикистон “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028” амал мекунад. Муаллифони барнома далели аслии рушд наёфтани бозори нақлиёти барқӣ дар кишварро гаронии қимати мошинҳои барқӣ, набуди нуқтаҳои барқгирӣ, хидматрасонии техникӣ ва наандешидани чораҳои ҳавасмандгардонӣ медонанд.
Мошинҳои барқӣ аз нигоҳи мутахассис
Имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мошинҳоеро мебинем, ки бо қувваи барқ ҳаракат мекунанд. Барои бисёриҳо аҷиб аст, ки мошинҳои барқӣ чӣ гуна ҳаракат мекунанд ва то куҷо хароҷоти кам доранду аз нигоҳи техникӣ бехатар.
Руслан Сарбоззода, сардори шуъбаи маркетинги «Як таксӣ» ба ин бовар аст, ки хизматрасониҳои техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар муқоиса бо нақлиёти бо намуди дигари сӯзишворӣ фаъолияткунанда арзиши камтар талаб менамояд. Инчунин, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳр интиқолдиҳии бемамониат, сатҳи пасти садо ва сафари бароҳат муҳайё менамояд.
«BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Автомобилро метавон дар хона низ бо нерӯи барқ таъмин намуд. Дар ин ҳолат барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт зарур аст, ки арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо қувваи барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар намуд»,- мегӯяд Руслан Сарбоззода.
Аммо ба назари ронандагон, арзиши мошинҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда хеле гарон аст. Аз ин ҷиҳат, ҳоло ронандагон ба он камтар таваҷҷуҳ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ