Электротаксӣ дар Душанбе. Таксиҳо пурра барқӣ мешаванд?
Муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода зимни мулоқот бо ронандагони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Сомон-таксӣ” хабар дод, ки то соли 2026 таксиҳои пойтахт пурра барқӣ хоҳанд шуд.
Номбурда дар мулоқот ба ду масъала дахл кард. То соли 2026 гузаштани нақлиёти кироякаши таксӣ ба нақлиёти барқӣ ва сатҳи хизматрасонӣ дар ҷамъиятҳои кироякаши таксӣ. Маълум шуд, ки феълан дар Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Сомон-таксӣ” 2 нақлиёти барқӣ фаъолият дорад. Баромадкунандагон аз ин омор изҳори нигаронӣ намуда аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки теъдоди нақлиёти барқиро дар ҷамъият марҳала ба марҳала зиёд намуда, ҳамзамон сатҳи хизматрасонии худро беҳтар намоянд.
P.S. Чанде аз ронандагони мошинҳои барқӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки на танҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи заправкаҳои барқ кам ё умуман нест. Ин боиси он гаштааст, ки шумораи харидорони ин гуна мошинҳо кам гаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ