Панҷакент: наус — кашфиёти камназир дар Осиёи Марказӣ

Дар наздикии деҳаи Олимободи ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент як гӯрхонае пайдо шуд, ки аз нигоҳи илми бостоншиносӣ дар Осиёи Марказӣ камназир аст.

Мо дар бораи урфу одат ё худ маросими дафни тоисломии Суғди бостон то ҳадди имкон ба туфайли кашфиётҳои беназири нимаи дуюми асри 20 огоҳӣ дорем. Бахусус оини зардуштӣ, ки пас аз марг ҷасадҳо, аниқтараш устухонҳои марҳумро ба хок не, балки ба устухондонҳои махсус гузошта, онҳоро ба иншоот ё худ ҳуҷраҳои алоҳида ҷой медоданд. Чунин ҳуҷраҳоро дар илми бостоншиносӣ наусҳо ва ё ба ибораи оммафаҳм гӯрхонаҳо меномиданд, ки дар дохили онҳо устухонҳои якчанд фавтидагон ҷой дода мешудаанд. Кашфиёте, ки дар ибтидои моҳи ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, аз муҳимтарин далоили маросими дафни сокинони куҳистони Суғди бостон ба шумор меравад.

Бояд хотирнишон намуд, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қитъаи хурди замин дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент як наус (гӯрхона) кушода шудааст. Дар ин хусус ба ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т. Қурбонов Ш. Ф. сокинони деҳаи Фароб ва Олимобод — Авлиёқулов Ҳасанбой ва Фармонов Азизулло санаи 3-юми июни соли 2023 хабар доданд. Баъдан бо дастури роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мусоидати Шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бостоншиносон Шароф Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлотов аз ёдгории мазкур дидан намуданд.

Гӯрхонаи кашфшуда дар қисмати ҷанубии мазори Эшони Зарробӣ, қисмати ғарбии сойи Ошхона, қисмати ҷанубии деҳаи Олимобод (маҳаллаи Қаротегин)-и ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, атрофи онро қабристони замони нав иҳота кардааст. Аммо ёдгории кашфшуда таърихи қадимтар дорад. Водии Фароб тақрибан дар баландии 1500-2100 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, он дар қисми болооби водии Қашқадарё ё худ Кешрӯд (дар ҳудуди Тоҷикистон) ҷойгир аст. Масофа аз деҳа то маркази вилоят (Панҷакент) 80 километр аст. Дарёи асосии Қашқадарё аз омезиши рӯдҳои Обихундӣ ва Хоҷа Мансур, ки аз доманаҳои қаторкуҳҳо ба поён ҷорӣ мешаванд, ташкил меёбад.

Ба бостоншиносон муяссар шуд, ки дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ гӯрхонаи мазкурро то ҳадди имкон таҳқиқ намуда, маълумотҳои аввалияро ба даст оранд. Ин наус ё гӯрхона дар зери зардхок кофта шуда, шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад. Дар дохили он тоқчаҳо мавҷуд мебошанд, ки дар замони истифодаи он чунин тоқчаҳо барои гузоштани устухондонҳои сафолин пешбинӣ карда шуда буданд. Қисми зиёди чунин тоқчаҳо дар натиҷаи намнокии зиёд ва фурӯ рафтани қитъаи замин хароб шудаанд.

Дар натиҷаи ҷамъоварии сафолпораҳо ва таҳлили онҳо, гуфтан мумкин аст, ки шояд ин наус ба асрҳои 1-4-и милодӣ рост меояд. Зеро чунин шакли устухондонҳо дар Суғди асримиёнагӣ камназиранд. Аммо таҳқиқот дар ин самт идома дорад ва бостоншиносон бо нашр намудани як мақолаи илмӣ метавонанд ба ҳамкасбони худ, ки бевосита машғули таърихи фарҳанги моддии замони антиқа ҳастанд, иттилои илмии аввалияро пешниҳод намоянд. Зеро асрори нуҳуфтаи ин ёдгорӣ ба таҳқиқоти амиқи бостоншиносӣ ниёз дошта, моро водор месозад, ки нисбати ҳаргуна хулосаҳои пешакӣ эҳтиёкор бошем.

Таҳқиқот дар ин самт идома дошта, хулосаҳои ниҳоии мутахассисин пас аз анҷоми пурраи таҳлилҳо бо ҷузъиёт пешкаши олами илм мегардад. Шояд таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ёдгорӣ ба бисёре аз масоили таърихи фарҳанги ин минтақаи куҳистон равшанӣ андозад ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи дигар ёдгориҳои Фароб, монанди Қӯрғони Бахшӣ (асрҳои VI — XIII), Қӯрғони Шоҳ Мансур (асрҳои XI — XII), Тахти Хон ва Қӯрғони Фароб (Қалъаи бек дар асри XIX), Теппаи Зиёрат ва ғайра муҷаддадан ба роҳ монда шавад.

Шарофиддин ҚУРБОНОВ,

Абдураҳмон ПӮЛОДОВ,

бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *