Сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон иваз шуд

Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон аз вазифааш озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Зиёдулло Абдуллозода таъин гардид.

Зиёдулло Абдуллозода, ки сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон таъин шудааст, то ин замон муовини вазири маориф ва илми кишвар буд.

Ҳоло маълум нест, ки Ғазалшоҳ Сафарзода ба кадом вазифа таъин шудааст.

Ӯ феврали соли 2022 сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон таъин шуда буд. Пеш аз ин роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҳам буд. Ин тағйироти кадрӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *