Тағйироти кадрӣ: Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифаи нав гирифт?

6 май Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои давлатӣ чанд тағйироти кадрӣ гузаронд. 
Фарҳод Салим аз вазифаи муовини  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  озод ва сафири Тоҷикистон дар Япония таъин шуд.
🔺Ҳамчунин, Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро, ки то ин замон муовини директори Агентии зидди нашъа буд, муовини аввали ин ниҳод таъин шуд.
🔺Дилшод Сафарзода, ки тақрибан ду сол пеш директори Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон таъин гардида буд,  аз вазифа озод шуд.
🔺Ба ҷойи ӯ, Назарзода Ҳабибулло Темур таъин гардид.
Ҳамин тариқ:
🔺Каримзода Азизмамад Душанбе аз вазифаи мувини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;
🔺Ализода Алишер Ҳикматулло аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон;
🔺 Зиёдуллоев Соҳибҷон  Салоҳиддинович аз вазифаи муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон;
🔺Давлатзода Садриддин Хол аз вазифаи муовини раиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон;
🔺Абдуллозода Зикриё аз вазифаи муовини раиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон;
🔺Умариён Раҳмон Фақерзода аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон озод шуданд.

Киҳо мансаб гирифтанд?
🔺Одилбекзода Дилдор муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;
🔺Сафармаҳмадзода Мирзовалӣ Маҳмаднабӣ муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;
🔺 Гулзода Бобоҷон Амиршоҳ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;
🔺 Давлатзода Баҳрулло Раҳмон муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон;
🔺Ализода Алишер Ҳикматулло муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон;
🔺Хоҷазода Шералӣ Раҷаб директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон..

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *