Тавсияи нави Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ гиранд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар робита ба татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Қазоқистон, шаҳрвандон бояд пеш аз сафар ба ин кишвар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Қайд карда шудааст, ки ҳангоми пурсишу тафтиши кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии Қазоқистон зимни воридшавӣ ба он кишвар, шаҳрвандон бояд ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони истодан, ҷойи истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон ҷавобҳои мушаххас диҳанд.

“Дар сурати лозим будан, суроғаи истиқомат ва рақамҳои телефони онҳоро низ барои тамос пешниҳод намоед”, — таъкид кардааст ВКХ.

Бояд гуфт, ки чанд ҳафтаи охир шаҳрвандон барои ворид шудан ба қаламрави Русия ҳамчун кишвари транзит бо роҳи заминӣ Қазоқистонро интихоб мекунанд ва ҳоло аксарияти онҳо дар марзҳои ин кишвар бо Русия дармондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *