Элизабет Миллард аз Тоҷикистон меравад

Маъмурияи кории сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард пас аз якуним соли фаъолият дар Душанбе ба поён расид ва ӯ ба Вошингтон бармегардад. Қарор аст хонум Миллиард фардо, 31-уми август Тоҷикистонро тарк кунад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон, хонум Элизабет Миллард ба ҳайси раҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар вазорати умури хориҷии он кишвар, таъйин шудааст.

Сафорати Амрико мегӯяд, «ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд.»

Ба иттилои манбаъ, сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон то ба ҳол таъйин нашудааст ва муовини раҳбари намояндагӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат фаъолият хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *