Эълони мотами миллӣ дар Қазоқистон
Дар иртибот ба суқути ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Алма-Ато Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев 28 декабрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.
Ҳавопаймои ширкати Bek Air, ки аз Алма-Ато ба самти Нурсултон парвоз мекард, натавонист ба баланди зарурӣ барояд ва ба бинои дуошёна бархӯрда ба замин афтод.
То ҳол теъдоди ҳалокшудагон мушаххас нашудааст. Вақти парвоз дар ҳавопаймо 93 мусофир ва 5 узви экипаж ҳузур доштанд.
Фурудгоҳи Алма-Ато рӯйхати мусофиронро мунташир кардааст.
Дар миёни мусофирон шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Украина, Қирғизистон ва Чин будаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ