Боздошти «маъюб»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар Душанбе

Як нафари дигар, ки солим аст, аммо худро маъюбу дардманд нишон дода, ба ҷамъоварии маблағ машғул мешуд, дар Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуд.

Номбурда дар кучаву хиёбонҳои пойтахт дар даст асо ба таври маъюбона ҳаракат намуда, аз роҳгузарон хоҳиши кумак мекард.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин нафар шаҳрванд Ҳайитов Алихон Тағоевич, соли таваллудаш 10. 12. 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ бо нишон додани ҳолати ҳузнангезу маъюбии худ ба роҳи мошингузар баромада, бо ба вуҷуд овардани вазъияти хатарнок ба ин кор машғул буд.

Номбурда то ба дараҷае моҳирона худро маъюб нишон медиҳад, ки дар дили ҳар роҳгузар эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд оварда, ба ӯ дасти кӯмак дароз мекунанд.

Шаҳрвандон намедонанд, ки ӯ на маъюб, балки ҷисман солим буда танҳо ба хотири бо ин роҳ маблағ ба даст овардан ба ин кор машғул шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *